Дар Тоҷикистон коҳиши гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сентябрь - Sputnik. Дар Тоҷикистон 29 ҳолати нави сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, 16 913 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки дар як рӯзи охир 34 бемор шифо ёфта, ҳавминтавр то 3 сентябр дар кишвар 16776 нафар ин вирусро пушти сар кардаанд.
Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати нави марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтиданд.
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор шаванд, дар охири моҳи август ин рақам то 30 нафар коҳиш ёфт.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро, ки охири моҳи июн оғоз шуда буд, дилпурона паси сар карда истодааст.