ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Қаблан Financial Times, як расонаи муътабари амрикоӣ, ба нақли қавл аз ду нафари мутталеъ аз музокирот, зоҳиран, аз ҷониби “Толибон”, хабар дода буд, ки интизор меравад дар рӯзҳои оянда раҳбарони “Толибон*” бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон, ки дар дараи Панҷшир дар баробари “Толибон” мубориза мекунад, дар Тоҷикистон мулоқот кунанд.
“Интизор меравад, ин гурӯҳи исломӣ дар Тоҷикистон барои музокира дар бораи нақшҳои эҳтимолӣ дидор кунанд”, - навиштааст Financial Times.
Дар ҳамин ҳол, Ҳафиз Мансур, узви Шӯрои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва яке аз аъзои тими музокира бо “Толибон*” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин як гуна “дуздии сиёсӣ” аст, баръакс, пешниҳоди музокирот дар Тоҷикистонро Ҷабҳаи муқовимат дода буд.
“Ин дархости мост. Онҳо мехоҳанд, ки садои моро хафа кунанд. Фақат як ҷаласоте дошта бошанд, ки дунё хабар нашавад. Қасди мо ин аст, ки дунё аз назариёт ва дидгоҳҳои мо хабар дошта бошад ва дар ҷараён бошад. Мо гуфтем, ки ба ҷуз Покистон, дар ҳар кишвари дигари ҳамсояи мо бошад, мо омодаи музокиротем. Тарҷеҳи мо ҳам Тоҷикистон аст. Омода ҳастем, ки суҳбат кунем ва мушкили Афғонистонро ҳал кунем. Мо дар хизмат ҳастем. То ҳанӯз “Толибон*” посухи мушаххас надодаанд”, - гуфт Ҳафиз Мансур.
Қабл аз ин расонаи дигари ҷаҳонӣ Al Jazeera хабар дода буд, ки Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аз “Толибон*” 30%-и ҳукуматро талаб кардааст.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳа, ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро такзиб карда, гуфт, ин хабар ба воқеият рабте надорад.
“Раҳбари Муқовимат борҳо гуфтааст, ки мо дунболи масоили шахсӣ, гирифтани мақому курсӣ дар ҳукумат нестем. Ҳоло ҳам Ҷабҳа изҳор медорад, ки барои адолат ва баробарӣ ба манфиати Афғонистону мардумаш меҷангад”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳороти расмӣ эълон дошта буд, ки музокироташ бо “Толибон*” ба бунбаст расида, аз ин ба баъд ҷангро идома хоҳад дод.
Музокироти Ҷабҳа бо “Толибон*” бори аввал 25 августи соли равон дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуда, ҷонибҳо ба ин тавофуқ расида буданд, ки ба мавозеи ҳамдигар ҳамла накунанд. Ин музокирот дар Панҷшеру Чоряккор ду бори дигар сурат гирифта, ба натиҷае нарасиданд.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ