ДУШАНБЕ, 3 сентябрь - Sputnik. Вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб гуфт, ки бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин вазъи Афғонистонро баррасӣ кардааст.
"Мо бо шарикони минтақавӣ шабонарӯзӣ кор мекунем. Ман бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сӯҳбат кардам ва муҳокима кардам, ки чӣ гуна кишварҳои мо метавонанд барои нигоҳ доштани субот дар минтақа ва ҳалли вазъи башардӯстона дар Афғонистон кумак кунанд", - навиштааст, Рааб дар Твиттер.
Пештар хабар дода шуд, ки вазири давлатӣ оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод Лорд Аҳмад аз Уимблдон рӯзи ҷумъа барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон меравад.
Рааб рӯзи панҷшанбе дар Доҳа дар бораи Афғонистон бо вазири умури хориҷии Қатар гуфтугӯ кард.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон (созмони террористӣ, ки дар Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст) Кобулро забт кард.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи корҳои дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.
Дар робита ба ин Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
Панҷшер, дар шимолу шарқи Кобул, ягона вилоятест, ки берун аз назорати ҷангиён аст.