Дар интизории ид: Душанбе то рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон чӣ гуна тағир ёфт - видео

Пойтахти ҷумҳуриро парчамҳои миллӣ, наққошиҳои деворӣ оро медиҳанд
Sputnik
Душанбе ба яке аз идҳои асосии давлатӣ - Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, ки ҳамасола 9 сентябр таҷлил мешавад, омодагӣ мебинад.
Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар соли 2021 30 -сола мешавад. Ҷашнвора дар кишвар ба таври васеъ таҷлил карда мешавад.
Пойтахти ҷумҳуриро парчамҳои миллӣ, наққошиҳо лавҳаҳои хотиравӣ пайдо мешавад.
Хуҷанд “тӯй дорад”: рақсу бозиву консерт то Рӯзи истиқлолияти давлатӣ идома меёбанд
Ба ифтихори Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе як паради бошукӯҳи нерӯҳои мусаллаҳ баргузор мешавад. Дар он беш аз 15 ҳазор низомиён ширкат хоҳанд кард.
Пас аз парад дар майдони Дӯстии маркази шаҳр, раҳпаймоии 50 ҳазор сокини Душанбе ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин, ба ифтихори ҷашн ҳунармандони саршинос ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барои тамошобинон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ҷашнвораҳо дар кишвар чанд рӯз идома хоҳанд кард.