Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Марзи Тоҷикистону Афғонистонро заминларза такон дод

Маркази зилзила дар Афғонистон буда, бар асари ин ҳодиса касе осеб надидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сентябрь - Sputnik. Хадамоти геологии ИМА (USGS) хабар медиҳад, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон заминларзаи 5 -баллӣ ба амал омад.
Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 04:50 ба вақти ИМА (07:50 ба вақти Москва ва 05:50 ба вақти маҳаллӣ) сабт шудааст.
Маркази заминларза дар 58 километрии ҷанубу шарқи пойтахти вилояти Бадахшони Афғонистон, Файзобод ва 59 километр ғарби шаҳраки Чубеки Тоҷикистон ҷойгир буд.
Гиряи модар баро писари аз даст додааш: ҳикояти наҷотёфтагон аз заминларза - видео
Дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва харобкорӣ маълумот дастрас нашудааст.
Ёдовар мешавем моҳи август дар Тоҷикистон як силсила заминларза ба амал омад. Қувваи ларзишҳои замин аз 5 бал зиёд набуд, ягон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.