ДУШАНБЕ, 2 сент – Sputnik. Ин даъват тариқи як навори савтӣ дар расонаҳои дохиливу хориҷ аз Афғонистон нашр шуда, ин раҳбари Толибон* дар мавриди қатъи музокирот ва оғози ҷанг суҳбат кардааст.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар посух ба суханони Амирхон Муттақӣ далоили қатъи музокирот ва вазъи ҷангиро шарҳ дод. Вай гуфт, Ҷабҳаи муқовимат дар музокирот бо Толибон* дунболи ҳалли мушкилоти асосии Афғонистону мардумаш буд, дар ҳоле ки тарафи муқобил пешниҳодҳои шахсӣ дошт.
“Як пешниҳод ин буд, ки раҳбари Ҷабҳаи муттаҳиди миллии Афғонистон дар ҳукумати Толибон* ҳузур пайдо кунад ва онҳо барои Аҳмади Масъуд як курсӣ ваъда карданд. Ё пешниҳоди ҳифозат аз амволу дороиҳояшон. Посухи раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ин буд, ки мо дунболи масоили шахсӣ, гирифтани мақому курсӣ дар ҳукумат нестем. Дар мавриди дороиҳо гуфт, ки ман моли шахсӣ, дороии шахсӣ дар Кобул надорам. Падарам ҳам надошт. Аз падаркалонам як чизҳое боқӣ монда, ки он марбути вараса мешавад”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Як нуктаи дигар дар суҳбати Амирхони Муттақӣ ин буд, ки Толибон* Панҷшерро аз чаҳор тараф муҳосира кардаанд ва таҳдиде ба ҷангу ҳамла кард.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ҷанг аз чор рӯзи пеш тақрибан оғоз шуда, ҳадди ақал дар ду ҷабҳа – яке, Ховок, дигаре, Даҳонаи дараи Панҷшер.
“Дар ҳамон замон, ки Амирхони Муттақӣ бо Аҳмади Масъуд суҳбати телефонӣ дошт, он ҷо ҳам таҳдид кард, ки мо ҷанг мекунем. Ҷавоб ин буд, ки мо омода ҳастем. Омодаи дифоъи на фақат Панҷшер, балки тамоми Афғонистон, вале аз ҷуғрофиёе ба номи Панҷшер”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Вай афзуд, дар чаҳор рӯзи гузашта бояд барои Толибон* собит шуда бошад, ки бо ҷанг ин масъаларо ҳал карда наметавонанд ва дар ҳарду ҷабҳа дар даргириҳое, ки сурат гирифт, “Толибон” беш аз 350 нафар кушта доданд, 287 нафари дигар захмӣ шуданд ва 35 танашон асир шуд.
“Як теъдоди таҷҳизоту нақлияашон аз байн рафт ва нерӯҳои муқовимат бисёр ба хубӣ тавонистанд вазоифи худро анҷом доданд, ҳам дар дараи Панҷшер ва ҳам дар Андаробҳо. Дар Андаробҳо шаби гузашта неруҳои муқовимат як зиддиҳамларо анҷом доданд, ки бо муваффақиятҳои хубе даст пайдо карданд”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Амирхон Муттақӣ дар суҳбаташ ишора кард, ки чаро ин дифоъ дар Ҳилманд, Кобул, Парвону Кописо сурат нагирифт, вале дар Панҷшер сурат мегирад. Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт, ҳақиқати масъала ин аст, ки дар он даврон як ҳукумати дигар бар сари иқтидор буд ва масъулини дигар дар ҳукумат ҳузур доштанд, ки масъулият доштанд, дифоъ бикунанд, аммо накарданд.
“Вале ҳоло Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ин масъулиятро ба дӯш дорад. Агар мо дар ҳамон ин масъулиятро ба дӯш медоштем, ҳам дар Ҳилманд дифоъ мекардем, ҳам дар Кобул ва дар ҳама гӯшаву канори кишвар”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Раҳбари Толибон* дар паёмаш ба мардуми Панҷшер гуфт, ки аслиҳаатонро ба замин бигзоред, ки Фаҳими Даштӣ онро таслим шудан арзёбӣ кард.
“Мо агар таслим мешудем, ниёз набуд, ки Ҷабҳаи муқовиматро эҷод кунем. Агар қарор мебуд, ки аз дифоъи мардуми худ даст бикашем, ин ҷабҳаро эҷод намекардем. Ин ҷабҳа барои таслимиву силоҳ ба замин гузоштан эҷод нашуда, балки барои дифоъи Афғонистону мардумаш, ҳуқуқу озодиҳояш, арзишҳое, ки барояш беш аз 40 сол мубориза кард, чабҳа ба ин ҳадаф эҷод шуд. Мо то поён ба ин кори худ идома медиҳем”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳороти расмӣ эълон дошта буд, ки музокироаш бо Толибон* ба бунбаст расида, аз ин ба баъд ҷангро идома хоҳад дод.
Музокироти Ҷабҳа бо Толибон* бори аввал 25 августи соли равон дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуда, ҷонибҳо ба ин тавофуқ расида буданд, ки ба мавозеи ҳамдигар ҳамла накунанд.
Ин музокирот дар Панҷшеру Чоряккор ду бори дигар сурат гирифта, ба натиҷае нарасиданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия