ДУШАНБЕ, 2 сен - Sputnik. Тарафдорони ҷунбиши радикалии Толибон* эълон кардаанд, ки тасмим доранд ба Панҷшер "зарбаи охирин" бизананд. Иттилоъ додааст шабакаи хабарии ToloNews.
Ҷангҷӯёни Толиб* қайд карданд, ки барои шикасти Панҷшер аз беҳтарин нерӯ ва техникаи ҳарбӣ истифода хоҳанд кард.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат Фаҳими Даштӣ дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Толибон* аз ду ҷониб ба ин вилоят ҳамла кардаанд, аммо талошҳои онҳо барои ишғоли минтақа натиҷа надоданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни набардҳои шадид нерӯҳои муқовимат 350 толибро нобуд карданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Толибон* иддао доранд, ки онҳо дар минтақаи Панҷшер пешравӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷангҷӯёни Толибон* 11 гузаргоҳи назоратиро таҳти назорат гирифтанд ва дастикам 34 нафар аз сарбозони муқовимат кушта шуданд.
Қаблан Толибон* расман аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи ягона вилояти Афғонистон, ки таҳти назорати онҳо нест, хабар доданд. Аммо, пештар дар бораи бархӯрдҳои мусалаҳона дар наздики минтақа борҳо дар расонаҳо маълумот нашр шуда буд.
Чанде пеш дар бораи нокомии музокирот байни артиши Аҳмад Масъуд ва Толибон* хабар дода шуд. Ба гуфтаи намояндагони нирӯҳои муқовимат, музокиротро намояндагони Толибон* қатъ карданд.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст