Сноуден дар марафони "Донишҳои нав" дар Маскав cуханронӣ мекунад: пахши мустақим анҷом ёфт

Корманди собиқи хадамоти иктишофии ИМА Эдвард Сноуден дар марафони таълимии "Донишҳои нав" иштирок мекунад
Sputnik
Ба гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ, баромади ин гӯянда барои меҳмонон ва тамошобинони марафон ғайричашмдошт буд.
"Мо иштироки Сноуденро ба нақша гирифтаем, ки дар он ӯ ба ҷамъияти "Дониш" ҷавобҳо медиҳад. Бо ҳаммаи он ки ӯ мусоҳибадиҳиро дӯст намедорад, аммо онро ба ҷамъияти "Дониш" медиҳад", - қайд карданд ташкилкунандагон.
Марафон аз 1 сентябр то 3 сентябр дар шаҳрҳои Маскав, Санкт -Петербург, Сочи, Нижний Новгород, Тотористон ва Владивосток идома меёбад.
Дар давоми се рӯз дар доираи "Донишҳои нав" зиёда аз 150 суханварони бонуфузи соҳаҳои гуногун бо иштирокчиён суханронӣ хоҳанд кард. Дар байни онҳо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва бисёр дигарон ҳастанд.
Марафон бо суханронии президенти Русия Владимир Путин оғоз ёфта, ҳамзамон иштирокчиёнро мусоҳибаву мубоҳисаҳо ва дарсу омӯзишҳо интизор аст.
Эдвард Сноуден шаҳрванди Русия мешавад - вале мехоҳад "амрикоӣ" бимонад
Ёдовар мешавем, ки Сноуден дар соли 2013 ба рӯзномаҳои Washington Post ва Guardian дар бораи барномаҳои назоратии хадамоти махсуси ИМА ва Бритониё дар интернет чанд маводи таснифшударо супурд, ки боиси ҷанҷоли байналмилалӣ шуд.
Русия ба Сноуден ба муддати як сол паноҳгоҳи муваққатӣ дод, ба шарте ки ӯ фаъолияташро алайҳи Амрико қатъ кунад.