ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия қасди миёнаравӣ дар Панҷшерро надорад.
Дар ин бора сиёсатмадор рӯзи 2 сентябр дар Екатеринбург изҳор дошт.
Ӯ гуфт, Русия нақша надорад, ки миёни Толибон* ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон миёнаравӣ кунад.
"Мо ҳоло нақша надорем, ки дар ин музокирот ҳамчун миёнарав амал кунем, ба назари ман, ҳеҷ кас ба нақша нагирифтааст. Ҳама манфиатдоранд, ки Толибон* ва дигар раҳбарони қавмӣ ва сиёсии Афғонистон ба таври мусолиматомез ба мувофиқа расанд", - гуфт ӯ.
Лавров афзуд, ки ҳам кишварҳои ғарбӣ ва ҳам Чину давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани масъала таъкид мекунанд.
Қаблан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як изҳороти расмӣ эълон дошта буд, ки музокироаш бо Толибон* ба бунбаст расида, аз ин ба баъд ҷангро идома хоҳад дод.
Музокироти Ҷабҳа бо Толибон* бори аввал 25 августи соли равон дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуда, ҷонибҳо ба ин тавофуқ расида буданд, ки ба мавозеи ҳамдигар ҳамла накунанд.
Ин музокирот дар Панҷшеру Чоряккор ду бори дигар сурат гирифта, ба натиҷае нарасиданд.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст