ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Андрей Серенко, директори маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, раҳбари Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон сенарияи эҳтимолии рушди рӯйдодҳои Афғонистонро ошкор кард.
Коршинос дар мусоҳиба бо нашрияи "ПолитЭксперт" қайд кард, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонт дар Панҷшер тамоми имкониятҳоро дорад, то мардумиро дар саросари Афғонистон бар зидди Толибон* хезонад, аммо барои ин онҳо бояд дар Бадахшон, Бағлон ва Тахор мавқеъ пайдо кунанд. Ва ба гуфти мутахассис, онҳо метавонанд ин корро кунанд.
Серенко афзуд, ки вазъ дар Афғонистон содда нест: элитаи минтақавӣ ба Толибон* таслим шуданд ва бисёр намояндагони мақомоти маҳаллӣ рӯйдодҳои Панҷшерро мушоҳида мекунанд, то арзёбӣ кунанду бифаманд, ки кӣ бартарӣ дорад.
"Нухбагони минтақавӣ нигоҳ мекунанд, ки қувваи кадом гурӯҳ бештар аст. Агар панҷшериён нишон диҳанд, ки қувва доранд, фармондеҳони саҳроии тоҷик ба онҳо ҳамроҳ мешаванд. Агар Толибон* самаранокии худро нишон диҳад ва тавонад Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро шикаст диҳад, касе ба ҷое ҳамроҳ намешавад", - шарҳ дод коршинос.
Андрей Серенко афзуд, ки муваффақияти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бештар аз иродаи пешвоёни онҳо вобаста аст. Гузашта аз ин, тавре коршинос қайд кард, дар аввал Ҷабҳаи муқовимат дар заминаи қавмӣ сохта шуда буд ва таркиби он тадриҷан васеъ мешавад.
Инчунин муҳим аст, ки Панҷшер аз ҷониби кишварҳои гуногун расман дастгирӣ карда шавад. Ҳоло танҳо овозаҳои дастгирӣ шунида мешавад, шарҳ дод сиёсатшинос.
Ба даст овардани иттифоқчиён ба муқовимат даст медиҳад то ҳамла кунад. Феълан ба гуфти ӯ, вазифаи аввалиндараҷаи Ҷабҳаи муқовимат расидан ба Бадахшон ва Тахор аст.
Ноустувории қудрати Толибон* низ метавонад ба фоидаи Панҷшер бошад: ба эҳтимоли зиёд, ҳукумати навтаъсиси Толибон* дар давоми як сол тағйироти ҷиддиро аз сар мегузаронад. Ва ба нерӯҳои таҳти раҳбарии Масъуд метавонанд дигар манотиқ ҳамроҳ шавад.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.