Ҷабҳаи муқовимат: Толибон* суханони Масъуди хурдиро нодуруст нишон доданд

Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Намояндаи Панҷшер маълумоти паҳншударо дар бораи талаботи Масъуди хурдӣ дар музокирот бо Толибон* рад мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Воситахои ахбори омма дар бораи он чизе, ки рохбари муқовимати Панҷшер Аҳмад Масъуди хурдӣ дар гуфтушунид бо Толибон* талаб мекунад, хабар доданд.
Ба гуфтаи манобеъи Al Jazeera, раҳбари ҷунбиши зидди Толибон* 30% курсиҳои ҳукумати нав, иштирок дар ҳамоҳангсозии ҳама таъйинот дар кишвар ва иҷозати нигаҳдории аслиҳа ва техникаи ҳарбиро талаб кардааст.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Дипломати афғон: Панҷшер то охир зидди Толибон* муқовимат хоҳад кард
Толибон*, ки дар шарҳҳои худ дар бораи вазъ дар Панҷшер* ниҳоят хушк хабар медиҳанд, танҳо гуфтанд, онҳо талаботи Ҷабҳаи муқовиматро ғайривоқеӣ меҳисобанд.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат Фаҳими Даштӣ дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон ин хабарҳоро дурӯғ хонд.

"Мо барои адолат мубориза мебарем, на курсӣ дар ҳукумат", - гуфт ӯ.

Қаблан Аҳмад Масъуди хурдӣ дар мусоҳиба бо "Foreign Policy" гуфта буд, ки ҷабҳаи зидди Толибон* танҳо ду шарт дорад - Толибон* бояд ҳукумати фарогир созмон диҳанд, инчунин озодӣ ва баробарии шаҳрвандони кишварро таъмин кунанд.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.