“Монед, ки ҳисобӣ кунем”: генерали панҷшерӣ аз бадахшиҳо узр пурсид

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз толибони бадахшӣ даъват кардааст, ки дар ҷанги Ҷабҳа бо Покистон ҳамроҳ нашаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. “Толибон*” – и бадахшӣ таҳти фармони Қорӣ Фасеҳуддин нерӯи асосии зарбатии “Толибон” дар ҷангҳои ҷабҳаҳои шимолии дараи Панҷшер ба шумор мераванд.
Муроҷиатномаи Атиқуллоҳ Барёлай, собиқ муовини вазири дифоъи Афғонистон ва ҳоло аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти фармони Аҳмади Масъуд, ки аз сӯи дафтари матбуотии ҷабҳа дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, ба “толибони бадахшӣ” нигаронида шудааст.
Вай гуфтааст, Ҷабҳаи муқовамат таҳаммули ишғоли сарзамини Афғонистонро надошта, аз сӯи дигар, тавони дидани фарзанди дар хун ғалтидаи ин сарзаминро низ надорад, аз ин лиҳоз, борҳо такрор кардем ва мекунем, ки лутфан ҳоми ISI (созмони истихоборотии Покистон) дар Афғонистон нашавед.
“Аз бародарони Бадахшонзамин ҷиддан таваққӯъ дорем, ки чӯби сӯхти сиёсати миёнтиҳии Покистон нашавед. Аз шумо хоҳишмандем худро бо Ҷабҳаи муқовамат муқобил насозед, бигузоред, ки покистониҳо ва ҳомиёнашон бо Ҷабҳаи муқовамати Панҷшер дар тақобул бошанд ва муқоваматгирон бо дасти боз ҳамроҳашон дар хатти сангар ҳисобӣ кунанд”, - гуфтааст .
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки пас аз суқути Кобул ба санаи 15 августи соли равон таъсис ёфт ва ҳоло Панҷшеру қисматҳое аз давру бар дар вилоятҳои ҳамҷаворашро таҳти назорат дорад, дар ҳоли ҳозир танҳо нерӯи мухолиф бо “Толибон*” дар ин кишвар аст.
Раҳбарони ин танзими сиёсиву низомии фармондеҳони зиддитолиб ва нерӯҳои бозмонда аз урдуи дарҳамшикастаи Афғонистон, ки аз саросари ин кишвар дар Панҷшер сангар гирифтаанд, бар инанд, ки амалиётҳои “Толибон*” дар атрофи Панҷшер аз сӯи Созмони истихбороти низомии Покистон - ISI (Inter-Services Intelligence) мудирият мешавад.
“Мехоҳад ҳамла кунад”: Қорӣ Фасеҳуддин чӣ нақша дорад?
Замони муқовимати аввали зиддитолибонӣ (1996 – 2001) таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ва баъд ҳукуматҳои таҳти ҳимояти Амрикову НАТО низ ҳамсоякишвари ҷанубии Афғонистон барои пуштибонӣ аз “Толибон*” муттаҳам мешуд.
Мақомоти Покистон гоҳҳо эътироф мекунанд, ки дар умури Афғонистон даст доранд, аммо расман дахолаташонро ба гардан нагирифтаанд.
Атиқуллоҳ Барёлай аз кушта шудани толибони бадахшӣ дар ҷангҳои ахири Панҷшер ба пайвандони онҳо аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат узрхоҳӣ намуда, изҳори ҳамдардӣ ва дигарбора таъкид мекунад, ки худро бо ҷабҳа муқобил насозанд.
“Бигузоред, ки бо мутаҷовизини бегона бо дасти боз, нишонии дақиқ ва бидуни дилнигаронӣ Ҷабҳаи муқовимат ҳисобӣ намуда ва мушкили Афғонистонро ҳалу фасл намояд”, - гуфтааст ӯ.
Атиқуллоҳ Барёлай, собиқ муовини вазири дифоъ Афғонистон, аз ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони муқовимати аввал ва фармондеҳи умумии ҷабҳаи моварои дарёи Кӯкчаи вилояти Тахор буд.
Дар замони ҳукумати Карзай ӯ муовини вазири дифоъ ва аз муҳимтарин кадрҳои низомӣ ба шумор мерафт. Соли 2018 ӯ бо иттифоқи ҳудуди 100 генерали коркушта аз сӯи Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, барканор гардид.
Дипломати афғон: Панҷшер то охир зидди Толибон* муқовимат хоҳад кард
Пас аз шурӯъи муқовимати дуввум ӯ дар канори раҳбари он Аҳмади Масъуд қарор гирифт. “Толибон*” асосан аз паштунҳои Афғонистону Покистон иборат буда, нерӯҳои зиддитолиб умдатан намояндагони ғайрипаштунҳову паштунҳои зиддитолиби Афғонистон мебошанд.
“Толибон*” – и бадахшӣ ҳамагӣ тоҷик буда, таҳти амри Қорӣ Фасеҳуддин, масъули минтақаи шимолу шарқи нерӯҳои “Толибон” меҷанганд.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимат, дар ҷангҳои ахири Панҷшер беш аз 100 нафари онҳо кушта ва ҳудуди 30 тани дигар асир афтодаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар