Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кай ҳамагирии коронавирус ҷаҳонро "ором мегузорад"

Коршинос мегӯяд вазъ дар ҷаҳон авохири соли 2023 хуб мешавад, вале дар Русия ин кор пештар рух медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ҳамагирии коронавирус соли 2024 анҷом меёбад, мегӯяд иммунологи рус номзади илмҳои тибб Николай Крючков дар суҳбат бо URA.RU.
Коршинос пешгӯӣ мекунад, ки то охири соли 2023 вазъ хуб мешавад.
"Дар русия бояд ҳамагирӣ пештар ба итмом расад. Муҳимаш ин, ки то ин замон сатҳи маргу мир кам шаваду мутатсияҳои нав пайдо нашавад. Ин даст медиҳад, ки вазъи коронавирус идорашаванда гардад ва пандемия хотима дода шавад", - шарҳ дод Крючков.
Тибқи ҳисоботи охирини Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, шумораи одамони сироятёфта дар ҷаҳон аз оғози пандемия тақрибан 217 миллион нафарро ташкил додааст.
Чаро мардон нисбат ба занон аз COVID тезтар мемиранд
Аз ин шумор 4,5 миллион нафар фавтидаанд.
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад