ДУШАНБЕ, 2 сен - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷиаи Бритониё хабар додааст, ки шумори кормандони сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Вазорат қайд кардааст, ки гурӯҳҳои кории дипломатҳои бритониёӣ ба Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фиристода мешаванд.
Сабабизиёд намудани шумори дипломатҳо дар сафоратхона, вазъи ногувор дар Афғонистон аст.
Гуфта мешавад, ки сафоратхонаҳо дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистон бо берун овардани шаҳрвандони Бритониё ва сокинони Афғонистон, ки бо НАТО ҳамкорӣ мекарданд, машғул хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки вазъ дар Кобул пас аз гузаштани қудрат ба Толибон* шиддат гирифт. Даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон барои тарк кардани кишвар ба фурудгоҳи пойтахт рафтанд.
Баъзе афғонҳо тавонистанд аз дасти Толибон* фирор кунанд, аммо на ҳама. СММ аз ҷараёни зиёди паноҳандагон дар Эрон ва Покистон хабар медиҳад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия