“Бизнес”-и COVID-19, ё чаро дар Ӯзбекистон ташхиси тиббии Тоҷикистонро эътироф намекунанд

Дар гузаргоҳҳои наздисарҳаии Ӯзбекистон маълумотномаи тиббии мусофирони тоҷик дар бораи коронавирусро эътироф намекунанд. Ин мушкил як моҳ ба ин тараф ҷой дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Дар чунин ҳол мусофирони тоҷик водор мешаванд, ки бо пардохти 120 ҳазор суми ӯзбекӣ, муодили 130 сомонӣ дубора ташхиси коронавирус супоранд.
Ғафур Ҷамолов, як муҳоҷири тоҷик, ки ҳамин ду рӯзи пеш тавассути Тошканд ба шаҳри Маскави Русия рафтааст.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар озмоишгоҳи тиббии Идораи санитарию эпидемиологии Суғд бо пардохти 120 сомонӣ ташхиси COVID-19 супорид ва маълумотномае дастрас кард, ки он дар бораи мавҷуд набудани беморӣ давоми 74 соат эътибор дошт, аммо дар гузаргоҳи “Ойбек” и Ӯзбекистон онро эътироф накарда, балки ба супоридани ташхиси нав водор намудаанд.
“Ман маҷбур шудам, ки бо пардохти 120 ҳазор суми узбекӣ дубора ташхис супорам, чунки агар насупорӣ аз сарҳад гузаштан ғайриимкон аст”, - гуфт Ҷамолов.
Ин мусофири тоҷик гуфт, ба мисли ӯ даҳҳо муҳоҷирони тоҷик, ки азми сафар ба Русия тавассути фурудгоҳи Тошкандро доштанд бо харҷи изофӣ дар гузаргоҳи Ӯзбекистон ташхиси коронавирус супоридаанд. Таҳмина Усмонова, директори Идораи санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки дар гузашта ҷониби Ӯзбекистон хулосаи тиббии мусофирон эътироф мекард, вале як моҳ ба ин тараф дар марз аз сокинони кишвари мо супоридани ташхиси навро тақозо доранд.
Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
“Барои мо то ҳол норӯшан аст, ки чаро онҳо ташхиси сокиноро ба эътибор нагирифта, мусофиронро ба супоридани ташхиси нав водор мекунанд. Мо дар бораи ин мушкил мусофирон дар марз маълумот дорем ва оиди ин масъала вазорати тандурустиро дар ҷараён гузоштаем”, - гуфт Усмонова.
Масъулони Идораи беҳдоштии Суғд мегуянд, ташхисе, ки онҳо бо роҳи молишак ё ПЦР дар бораи зуҳуроти коронавирус гузаронида мешавад аз сӯи коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) эътироф кардаанд, аммо қабул нашудани он дар гузаргоҳи кишвари Ӯзбекистон норушан аст.
Ин дар ҳолест, ки дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” и ноҳияи Масчоҳ озмоишгоҳи COVID-19 амал мекунад ва ташхиси тиббиро барои шаҳрвандон, аз ҷумла узбекистониҳо, ки вориди Тоҷикистон мешаванд ройгон мегузаронад.
Чаро сокинони Суғд аз фурудгоҳи Тошканд ба Русия мераванд? – шарҳи мусофирону билетфурӯшон
Арзон будани қиммати чиптаи парвози ҳавопаймоӣ садҳо муҳоҷирони тоҷикро водор намудааст, ки тавассути Тошканди Ӯзбекистон ба Русия раванд. Дар ҳоли ҳозир мушоҳида мешавад, ки аксари мусофирони ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон, ки ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд, тоҷикон ҳастанд.
Бино ба гуфти мусофирони тоҷик қиммати билети ҳавопаймо дар Тошканди Ӯзбекистон назар ба фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Душанбеи Тоҷикистон аз 1500 то 2000 сомонӣ арзон будааст.