Зодрӯзи Аҳмадшоҳ Масъуд - Қаҳрамони миллии Афғонистон: 2 сентябр дар таърих

Рӯзи дуюми сентябр дар Ветнам – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва дар Русия – Рӯзи гвардия таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 2 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1920 ғалабаи инқилоби Бухоро.
Соли 1939 дар Бритониёи Кабир қонун дар бораи хизмати миллӣ дар армия барои мардони аз 18 то 41-сола қабул гардид.
соли 1940 нишони фарқкунандаи маршалҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ- "Ситораи маршал" ҷорӣ карда шуд.
Рӯзи дониш: 1 сентябр дар таърих
Соли 1958 дар Чин аввалин стансияи телевизионӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1993 Ӯзбекистон дар бораи то соли 2000 иваз намудани ҳуруфоти худ аз кирилӣ ба лотинӣ эълон нашр намуд.
Соли 1996 дар Украина пули нав – гривна ба муомилот бароварда шуд.

Рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1924 дар Душанбе аввалин неругоҳи барқӣ-обӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1931 дар шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи вилоятии "Бадахшони Сурх" нашр шуд.
Соли 2003 ифтитоҳи Донишкадаи нақлиёти ҶТ.
Соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматҳои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид.
ҶШС Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд: рӯзи 31 август дар таърих
Соли 2009 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин ҷаласаи якҷояи минтақавии комиссияҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои наздисарҳадӣ баргузор гардид.
Соли 2010 САҲА Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои "Чоргонаи Душанбе" — Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гардид, ки дар он сарони давлатҳои "Чоргонаи Душанбе" масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро баррасӣ намуданд.
Соли 2015 дар шаҳри Пекин Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ-иқтисодӣ ба имзо расид.
Зодрӯзи Ҷамшед Исмоилов ва ифтитоҳи нақби "Озодӣ": 30 август дар таърих
Соли 2017 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии "Хуавей" хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 сентябр

Дар Ветнам – Рӯзи истиқлолият.
Дар Русия – Рӯзи гвардия.
Рӯзи кормандони нотариус дар Украина.

Рӯзи 2 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Аҳмадшоҳ Масъуд (1953-2001)- генерал, Қаҳрамони Афғонистон.
Абдуллозода Шерзод (1945)- файласуф, профессор.
Шаҳрия Аҳтамзод (1952) – шоира.
Ёрзод Садриддин (1950)- публисист.
Малика Қаландарова (1950) – раққоса, Артискаи халқии СССР, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Ли Геннадий (1937) – доктори илми кишоварзӣ.
Фахриддин Мирзоаҳмадов (1948) – доктори илми техникӣ, профессор.
Александр Морковский (1900 – 1989) – доктори илми геологӣ. Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Ато Муҳаммадҷонов (1940 – 2002) – актёри театру кино. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Хуршеда Отахонова (1932) – доктори илми филологӣ, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Сафаралӣ Раҷабов (1955-2011) – арбоби давлатӣ.
Улуғбибӣ Саидова (1864-1954)- аввалин милитсионерзани тоҷик (модари Тўҳфа Фозилова).