ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ки Толибон* ба ҳалли мусолиматомези масъала майл надоранд.
Вай афзуд, ки ҷангҷӯён бо Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуди хурдӣ музокира нахоҳанд кард.
"Онҳо эълон мекунанд, ки барои сулҳ омадаанд, аммо ба музокирот бо роҳи сулҳ розӣ намешаванд", - гуфт Ағбар.
Сафир афзуд, ягона фишанге, ки метавонад Толибонро* ба музокира водор созад, фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Панҷшер ягона вилоятест, ки ба Толибон* таслим нашудааст. Тарафҳо омодагии худро барои муколама эълон карданд, аммо тибқи маълумоти охирин, раҳбари комиссияи Толибон* Амирхон Муттақӣ ноком шудани музокиротро эълон кард.
Дар ҳоли ҳозир Толибон* Панҷшерро иҳота кардаанд, ҷангҳо дар чанд самт идома доранд, аммо ҳамлаҳои ҷангҷӯён аз ҷониби нерӯҳои муқовимат рафъ карда шуданд.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст