Путин дар бораи орзуи кӯдакии худ гуфт

Кишвардор гуфт, чӣ гуна ба ӯ даст дод, то орзуҳои кӯдакии худро амалӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар кӯдакӣ орзу доштааст, ки маллоҳ, халабон ё корманди истихборот шавад.
Дар ин бора президент зимни вохӯрӣ бо хонандагони мактаби умуммирусиягтт маркази кӯдакии "Океан" дар Владивосток нақл кард.
Ба гуфти раҳбари давлат ба ӯ муяссар шудааст, то орзӯҳои кӯдаконаашро амалӣ кунад.
"Чун дигар бачаҳо ман гоҳо мехостам маллоҳ шавам, гоҳо халабон, баъдтар масъули истихборот - ман ин нақшаро амалӣ кардам, зиндагӣ чунин сурат гирифт", - қайд кард президенти ФР.
Вале орзуи аслии раҳбари русиягӣ хизмат ба Ватан шуд.
"Ва имрӯз ман маҳз бо ҳамин кор машғул ҳастам. Ва ба фикри ман дар ин росто ман орзуямро амалӣ кардам", - қайд кард раҳбари давлат.
Путин қайд кард, ки ӯ замони наврасӣ дар бораи роҳи зиндагии худ фирк кард. Дар 16-17-солагӣ президенти оянда барои зиндагии худ нақшаҳо мекашид.
Раисиҷумҳури Русия ба хонандагони маслиҳат дод, ки дар пеши худ мақсад гузоранд, орзу кунанд ва ба худ бовар намоянд.
"Ҳар инсон дар ҷустуҷӯи худ аст ва роҳи худро мнҷӯяд, ман низ аз 16 - 17-солагӣ ба ин кор машғул шудам. Ман дар ин бора фикр мекардам ва нақшаҳои мекашидам", - нақл кард Путин.
Ба гуфти президент гузоштани мақсади дақиқи барои амалӣ шудани он кумак мекунанд.
Пештар президенти Русия хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш муборакбод гуфт.
Путин дар бораи орзуҳояш гуфт
"Чун яке аз ҷашнҳои дӯстдошта дар кишвар - Соли нав аст. Вале 1 сентябр ҳам - Соли нав аст, танҳо соли нави хониш", - қайд кард Путин.
Кишвардор ба хонандагоне, ки имсол ба мактаб мераванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.