Издиҳом тобут мебарад: Толибон* маросими бузурги "дафн"-и НАТО баргузор кард - видео

Ҷангҷӯён хуруҷи нерӯҳои хориҷиро аз Афғонистон ба таври ғайриоддӣ қайд карданд: майдони яке аз шаҳрҳо бо "тобутҳо" -и парчамҳои кишварҳои НАТО пур шуд
Sputnik
Тарафдорони ҷунбиши радикалии Толибон*, бо "дафн" -и рамзии ИМА, Бритониёи Кабир ва Фаронса намоиш барпо карданд.
Навор аз шаҳри Хустаи Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ васеъ паҳн шудааст.
Дар он издиҳоми ҷангҷӯён тасвир шудааст, ки "тобутҳои" худсохтро бо парчамҳои кишварҳои НАТО бар сарашон мебардоранд.
“Толибон”* се вулусволиро дар Панҷшер гирифтанд? – вокуниши Ҷабҳаи муқовимат
Дар видео нишон дода мешавад, ки шумораи зиёди одамон барои тамошои намоиш ва баҳри иштирок дар он ҷамъ омадаанд.
Нашрияи Texas News Today таъкид кард, ки бо ин роҳ ҷангҷӯён ба ҷанги 20-солаи Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ҷумҳурӣ ишора карданд.
Суруд мехонанду тир мепаронанд: Толибон* хуруҷи амрикоиҳоро ҷашн мегиранд - видео
"31 август рӯзи расмии озодии мост. Дар ин рӯз Амрико ва нерӯҳои НАТО кишварро тарк карданд", - гуфт Қорӣ Саид Хостӣ, сухангӯи Толибон*.
Ёдовар мешавем, ки 30 август Иёлоти Муттаҳида миссияи 20-солаи низомиаш дар Афғонистонро анҷом дод.