ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар изҳори итминон кард, ки муқовимат Панҷшерро ба Толибон* намедиҳад.
"Ҳимоя маънои ҷангро надорад, муқовимат дар Панҷшер барои он чизе, ки мо дар тӯли ин солҳо ба даст овардаем, барои ҳуқуқҳо, манфиатҳои мо мубориза мебарад ва писари Масъуд, писари қаҳрамони миллии мо таҷриба дорад, хуни падар дорад", - гуфт дипломат.
Вай афзуд, ки дар ин вилоят ватандӯстони воқеии дорои таҷрибаи ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, сокинони дараи Панҷшер то охир мубориза хоҳанд бурд.
Инчунин, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон қайд кард, ки муқовимат ба Толибон* метавонад дар тамоми қаламрави кишвар паҳн шавад.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт: "25 сол пеш Толибон* қариб тамоми кишварро ишғол карданд, аммо натавонистанд Панҷшерро ишғол кунанд."
Ёдовар мешавем, ки Панҷшер ягона вилоятест, ки аз ҷониби Толибон* забт нашудааст. Минтақае, ки нерӯҳои муқовимати афғон ҷамъ омадаанд.
Толибон* иртиботро дар минтақа як рӯз қатъ карданд ва давра ба давра кӯшиши рахна карданро карданд, аммо то ҳол муваффақ нашуданд.
* ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон