ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар соли нави таҳсили 2021-2022 дар вилояти Хатлон 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ бо фарогирии 90 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз ва дар 1360 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 800 ҳазор нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Иттилоъ дода шудааст, ки ба онҳо зиёда аз 50 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дарс хоҳанд дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар соли таҳсили имсола теъдоди кӯдакони синфи 1 зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил диҳад.
Қайд карда шудааст, ки рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон чун анъана бо сурудани Суруди миллӣ ва тамошои дастҷамъонаи суханронии роҳбари давлат аз ҷониби хонандагону омӯзгорон оғоз гардид.
Бояд қайд кард, ки дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои мустаҳкамкунии заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят 722 адад иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 73 адад муассисаи томактабӣ ва 649 адад мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар тамоми ҷумҳурӣ бори аввал 240 ҳазор наврас ба мактаб мераванд ва қадамҳои аввалашонро дар роҳи донишомӯзӣ мегузоранд.