Шойгу вазъ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ кард

Раҳбари вазорати дифои Русия вазъ дар Афғонистонро арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу вазъ дар Афғонистонро ногувор арзёбӣ кард.
Вай ҳамчунин ба халабонҳо ва табибони рус барои интиқоли чандсад шаҳрванди Русия ва кишварҳои дигар аз Кобул изҳори сипос кард.
"Вазъият дар ин кишвар бениҳоят вахим аст. Мардум кӯшиш мекунанд, ки ҳатто ба баҳои ҷони худ аз он ҷо фирор кунанд", - гуфт сардори Вазорати дифоъ дар ҷаласа.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 24-26 август ҳавопаймоҳои авиатсияи нақлиётии низомии Русия дар шароити душвор шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Белорус ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон интиқол доданд.
Амрикоиҳо пас аз ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба сӯи мардум оташ кушоданд: шоҳидон
Дар маҷмӯъ, барои берун бурдани шаҳрвандони кишварҳои дар боло зикршуда, чор ҳавопаймо фиристода шуд.
Дар ҳар як ҳавопаймои Русия бригадаҳои табибони ҳарбӣ буданд, ки дар ҳолати зарурӣ ёрии тиббӣ мерасонданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сафир: Масъуди хурдӣ ҳокими қонунии Афғонистон аст
Қобили зикр аст, ки Толибон* интиқолро аз Кобул пас аз 31 август манъ кардаанд.
Лавров: Русия аз иттифоқчиёне, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, нигарон аст
Баъди ин дастрасӣ ба фурудгоҳ барои шаҳрвандони Афғонистон комилан баста мешавад. То ҳол масъалаи парвозҳои содиротӣ, ки аз ҷониби сафоратхонаҳо дар кишвар кор мекунанд, мушаххас нашудааст.
Толибон* - як созмони террористӣ аст, ки дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.