Куштор дар Суғд: марди 27-сола сокини шаҳри Конибодомро то мурдан кӯфт

Муноқишаи ду мард дар шаҳри Конибодом бо марг анҷомид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Марди 27 -сола сокини шаҳри Конибодомро лату кӯб кард, ки дар натиҷа охирӣ ҷон бохт, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Бино ба гузориши ниҳоди қудратӣ, ин ҳодисаи нангин 29-уми август рух додааст.
"Ба беморхона ҷасади марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом, бо аломати марги зӯроварию лату кӯб, дастрас карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Даҳшат: сокини Хуросон духтарчаи хурдсолро ду маротиба таҷовуз карду бераҳмона кушт
Дар шарҳи ин қазия, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон меӯяд, ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 27-солаи сокини деҳоти Патари шаҳри мазкур бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
Куштор дар ҳолати сархушӣ: бо мушту лагад ҳамқадаҳашро беҳуш карду аз ҷайбаш пул дуздид
Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми дар даромадгоҳи кӯчаи Пахтакори ҳамин шаҳр қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марҳум ҷанҷол намуда, якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст.

"Дар натиҷа марҳум ба замин афтида срашро задааст ва ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.