ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, маҳкумшуда бародарашро барои он куштааст, ки ӯ падарашро аз хона рондаст.
Ба иттилои Додситонӣ, зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки муттаҳам 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ аз падараш огоҳ шудааст, ки бародараш ӯро барои нӯшидани нушокии спиртӣ аз хона рондааст.
"Баъди шунидани шикояти падараш ӯ ба ғазаб омада, тариқи телефони мобилӣ бо бародараш ҷанҷол намуда, касди аз ҳаёт маҳрум намудани охиринро тарҳрезӣ кардааст", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам бо мошини кироя ба хонаашон ҳозир шуда, бародарашро, ки дар ҳолати оҷизӣ хоб будааст, 10 маротиба корд задааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, омадааст дар иттилоияи Додситонии кул.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии парванда муттаҳамро ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Назари маҳкумшуда ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи иттиҳому ҳукми додгоҳ маълум нест.