ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Instagram аз мушкилоти оилаи тоҷикистоние гуфтааст, ки дар хонаи ӯ истиқомат мекунанд.
Ӯ мегӯяд, ин нафарон, ки на танҳо ёварашанд, балки узви оилааш мебошад, мавриди табъиз қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи ҳунарпеша, кӯдакони оила аз Тоҷикистонро, ки дар хонааш иқомат доранд, масъули Иттиҳодияи моликони амвол аз майдончаи бозии кӯдакона мерондаст. Далел гӯиё дар ин ҷо сайри кӯдакони кормандони хонаҳо мумкин набудааст. Волочкова мегӯяд, онҳо на корманд, балки чун узви оилаанд барои ӯ ва дар ҳар сурат набояд мавриди табъиз қарор гиранд. Назари худи нафаре, ки ба гуфтаи Волочкова кӯдаконро аз майдонча меронад, дар бораи ин иддао маълум нест.
"Муҳим нест, ки онҳо тоҷиканд. Чӣ фарқ дорад, ки кадом миллатанд?", - изҳори норозигӣ кард Волочкова.
Ӯ ин ҳолатро беадолатӣ хонда, тақсими кӯдаконро аз рӯи миллат дар замони муосир пастӣ арзёбӣ кард.
Ҳунарпеша нақл кард, оилае, ки солҳо дар ҳавлияш дар як хоначаи алоҳида иқомат доранд, тайи солҳои кору зиндагияш дар ин ҷо соҳиби се фарзанд шудаанд ва ӯ онҳоро чун узви оилаи худ медонад.