Парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи афв”-ро ҳафтаи оянда баррасӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун “Дар бораи афв”-ро барои баррасӣ ба порлумони Тоҷикистон пешниҳод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар назар аст лоиҳаи Қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи афв”-ро ҳафтаи оянда мавриди баррасӣ қарор диҳад, хабар медиҳад, котиботи президенти кишвар
Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст.
Бар асоси фармон, Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 сентябри соли 2021 баргузор мешавад.
"Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" пешниҳод карда шавад", омадааст, дар фармони президенти кишвар.
Президент тарҳи қонуни “авфи тиллоӣ”- ро ба парлумон пешниҳод кард: киҳо озод мешаванд?
Бар асоси пешнищоди президент, дар назар аст 16 ҳазор нафар озод шавад.
Аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.
Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд.
Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.