ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Саид Хотибзода, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки мавқеи Теҳрон дар бораи ҳукумати нави Афғонистон аз иҷрои ваъдаи ҳукумати фарогир вобаста аст, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
Хотибзода дар ин бора рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ хабар дод.
Дафтари матбуоти вазорат аз қавли Хатибзода гуфтааст, "сулҳ ва субот дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи қабилаҳои афғон барои ташкили ҳукумати фарогир муҳим аст".
"Мо мунтазирем, ки ҳукумати оянда ин ӯҳдадориҳоро иҷро мекунад ва баъд мо дар ин бора қарор қабул хоҳем кард", - илова намуд ӯ.
Вазъият дар кишвар пас аз он бадтар шуд, ки президенти ИМА Ҷо Байден қарори худро дар бораи қатъи амалиёт дар Афғонистон эълон кард.
Ҷангҷӯёни Толиб (мамнӯъ дар Федератсияи Русия) сипас ҳамлаҳояшонро афзоиш доданд ва 15 август чанд соат бидуни ҷанг Кобулро пурра ба даст гирифтанд ва танҳо минтақаи Панҷшер дар шимоли Афғонистон аз назорати ин гурӯҳ берун аст.
Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз кишвар фирор кард.
Пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон*, хуруҷи оммавии гурезаҳо ва кӯчонидани намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони корпоративии Ғарб оғоз шуд.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст