ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он рубл коҳиш ёфтаву доллару евро боло рафтаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0.1528 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба рӯзи пеш камтар аст. Пеш аз рӯзҳои истироҳат дар бозори арзи Тоҷикистон барои 1 рубли русӣ 0,1525 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар ҳам, тағйир ёфтааст, пули амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба таври андаке поин рафта ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3255 арзиш дорад, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш 1 доллар дар ҳудуди 11.3280 сомонӣ буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13.3505 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш 13. 3093 буд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3255 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3505 то 13.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1528 то 0.1565 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.