ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Тақрибан 200 нафар аз кишварҳои ИДМ барои вайрон кардани қонун ва тартибот аз Маскав депорт шуданд, хабар дод шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин дар блоги шахсии худ.
Ҳамчунин, ба гуфти ӯ, вуруди 17,5 ҳазор муҳоҷир ба Русия мамнӯъ аст.
"Вақтҳои охир чанд қонуншиканиҳои ҷиддӣ, задухурдҳои оммавӣ рух доданд. Ин тавр намешавад. Мо аз чунин меҳмонон хушнуд нестем. Аз ин рӯ, пулис дар моҳҳои охир рейдҳои шадид анҷом дод", - гуфт шаҳрдори пойтахт.
Вай тавзеҳ дод, ки танҳо чанде пеш 800 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд, дар ҳоле ки тақрибан 200 нафар депорт шуданду вуруди 17,5 ҳазор нафар ба кишвар мамнӯъ гардид.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдор ёдовар шуд, ки маъмулан садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ бо мақсади кор ба Маскав меоянд.
Ба гуфти ӯ, аксари онҳо қонунро риоя мекунанд: онҳо сабти ном мешаванд, патент мегиранд ва пули онро пардохт мекунанд.
Тавре хабар дода шуд, яке аз бузургтарин задухӯрдҳои оммавӣ байни хориҷиён дар солҳои охир шаби 13 июл дар назди истгоҳи метрои "Кузминки" сурат гирифт.
Тибқи сарчашмаҳои гуногун, дар ин ҷанҷол то 200 нафар иштирок кардаанд. Дар Вазорати корҳои дохилии пойтахт 103 нафар иштирокчиёни муноқиша боздошт шуданд.
Рӯзи шанбе дар маркази Маскав боз як задухӯрди шадид рух дод. Дар натиҷа кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳудуди 14 нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.