ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Дар Душанбе барои куҳансарбозони муқими Тоҷикистон аксияи башардӯстона баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ин чорабинӣ дар вилояти Суғд оғоз ёфту дар доираи он ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
Чунин иқдом дар пойтахт бо ширкати сафири Русия Игор Лякин-Фролов баргузор гардид.
Чорабинӣ дар мактаби ба номи А. Г. Мироненко бо кумак ва дастгирии молиявии Вазорати дифои Русия баргузор шуд.
Сафири Русия бо куҳансарбозони ҷанги Афғонистон мулоқот кард.
"Мо ҳамкории Сафорати Русия ва собиқадорони тоҷикро қадр мекунем", гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфти ӯ, мақсади ин аксия дар баробари дастгирии куҳансарбозон ҳамчунин, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ аст. Сафир саҳми собиқадоронро дар тарбияи насли ҷавони тоҷик қайд кард.
Ба собиқадорони ҷанг, ғизо, таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 16 аробачаи маъюбӣ ва асоҳо дода шуд.
"Ин аксия шаҳодати эҳтиром ва хотираест, ки дар қалби русҳо нисбат ба собиқадорони русу тоҷике, ки дар ин маърака ширкат кардаанд, мебошад",-афзуд Лякин-Фролов.
Вай таъкид кард, ки ин амал нишонаи бародариест, ки байни халқҳои мо вуҷуд дорад.