ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* дар посух ба ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳи Кобул гуфтааст: "Пас аз хуруҷи Амрико дигар, ангезае барои инфиҷор ва ҳамла вуҷуд надорад."
Муҷоҳид гуфт, ки таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул дар минтақае сурат гирифтааст, ки аз ҷониби нирӯҳои хориҷӣ назорат мешаванд.
"Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ба чунин амалҳо сабаб шуд ва Толибон* аз Амрико даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар Афғонистонро тарк кунанд", - афзуд сухангӯи Толибон*.
Вай таъкид кард: “пас аз хуруҷи Амрико, мо итминон медиҳем, ки ба ҳеҷ гурӯҳе иҷоза дода намешавад, ки чунин амалҳоро анҷом диҳад ва аз Афғонистон ба кишварҳои дигар таҳдид намешавад."
Муҷоҳид вазъ дар фурудгоҳи Кобулро вазнин арзёбӣ карда, гуфт, ки нирӯҳои Толибон* барои назорат кардани аҳолӣ дар чунин вазъ омӯзиш надидаанд ва наметавонанд аҳолиро назорат кунанд.
Сухангӯи Толибон* аз мардуми афғон даъват кард, ки ба фурудгоҳ нараванд ва итминон дод, ки ҳар касе, ки мехоҳад метавонад пас аз ба эътидол омадани вазъ Афғонистонро тарк кунад.
Дар охир Муҷоҳид ба ДИИШ дар Афғонистон ишора кард ва гуфт: “ДИИШ*-е ки дар Афғонистон ҳаст аз он чизе ки дар Сурияву Ироқ вуҷуд дорад, фарқ дорад. Мо мутмаинем, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ онҳо дигар даст ба таркишҳо намезананд”.
Ёдрас мешавем, чанде пеш дар шаҳри Кобул чанд таркише сурат гирифт, ки бар асари он беш аз сад нафар фавтиданду беш аз ҳазор нафари дигар захм бардоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин инфиҷор 170 нафар, аз ҷумла 13 сарбози амрикоӣ кушта шуданд. ДИИШ* масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст