ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Дар Маскав бо иштироки дастикам 10 нафар ҷанҷоли оммавӣ ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаи интизомӣ.
Ҷанҷол, ки дар он муҳоҷирон ширкат доштаанд, дар кӯчаи Бауманскаяи маркази Маскав рух додааст.
Ҳамин тавр, тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин муноқиша панҷ нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст доштаанд.
"Шоми 27 август дар кӯчаи Бауманская дар назди хонаи 35/1 дастикам 10 нафар занозании оммавӣ карданд", - омадааст дар хабарнома.
То расидани кормандони мақомоти интизомӣ онҳо тавонистаанд фирор кунанд, аммо дертар кормандони ҳифзи ҳуқуқ 14 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро боздошт карданд.
Гуфта мешавад, ки дар миёни боздоштшудагон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.
Шахсоне, ки ба шӯъбаи пулис оварда шудаанд, барои даст доштан дар ин ҳодиса тафтиш карда мешаванд ва пулиси Маскав ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.
Пештар хабар дода шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 20 шаҳрванди хориҷиро барои занозанӣ дар Маскави Нав боздошт кардаанд.
Бархе аз онҳо барои майдаавбошӣ аз Русия депорт карда мешаванд.
Муҳоҷироне, ки дар задухӯрдҳо ширкат мекунанд, эҳтимолан як умр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд.
Вақтҳои охир дар Русия муноқишаҳо байни муҳоҷирон бештар ба мушоҳида мерасад.
Ҷангҳои оммавӣ ҳоло ва гоҳ дар Маскав ва дигар шаҳрҳо сабт карда мешаванд.
Бузургтарин муноқишаи шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар назди истгоҳи метрои Кузминки пойтахт буд, ки дар паи он садҳо муҳоҷир боздошт шуданду пасон пулиси Маскав аксияи "Муҳоҷир" - ро роҳандозӣ намуд.