ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Теъдоди умумии ҷабрдидагони инфиҷорҳои охир дар Кобул 1 ҳазору 338 нафар ташкил додаст, навиштааст РИА Новости бо такя ба манобеяш. Ин расона теъдоди кушташудагонро 60 нафар гуфтааст. Қаблан нашрияи амрикоии Wall Street Journal хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои оҳзири террористӣ дар Кобул 90 шаҳрванди Афғонистон ва инчунин 13 сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Пентагон ҳалокати 13 сарбозашро тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол намояндаи Толибон* мегӯяд, миёни кушташудагон дар Кобул ҳадди ақал 28 нафар узви ин гуруҳ буданд, хабар додааст хабаргузории Рейтер.
Шоми 26 август Муҷибурраҳмон Козимӣ, сокини Кобул, ки дар фурудгоҳи Кобул қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду инфиҷор ҳангоми намози шом ва ду инфиҷори дигар миёни соатҳои 10 то 11 – у 30 дақиқаи шаб ба вақти Кобул рух дод.
Расонаҳои ғарбӣ менависанд, ду ҳамлаи террористӣ сурат гирифта, дар пайи он низомиёни амрикоӣ таркишҳои назоратшавандаро анҷом додаанд. Қаблан низомиёни ИМА гуфтанд, эҳтимол силоҳи монда дар Кобулро нобуд созанд.
Ҳамла ба фурудгоҳи Кобулро шохаи “Хуросон” – и гуруҳи ДОИШ* (гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) ба зимма гирифт.
Ин гуруҳ рӯзи сешанбе тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон эълон карда буд, ки ба фурудгоҳи Кобул ҳамла хоҳад бурд. Иддае ҳам бар инанд, ки ин кори худи гуруҳи Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистону Русия) аст, ки ба хотири тарсонидани мардуми ҷамъшуда ва ҳам низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул роҳандозӣ шудааст.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА дастур додаст, ки гунаҳкори ҳамлаҳои террористӣ муайяну ҳадафи зарба қарор дода шаванд.
* - созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон