Сафири навтаъйини Озарбойҷон вориди Душанбе шуд

Мусоҳибон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва равобити кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Сафири навтаъйини Озарбойҷон вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи панҷшанбе, 26 август Вазири корҳои хориҷииТоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Гаввам оглу Асгаровро ба ҳузур пазируфт.
"Дар ҷараёни мулоқот маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Озарбойҷон ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид", - гуфта мешавад дар хабар.
Муҳриддин оғози фаъолияти дипломатии Аскеровро дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки ӯ барои фаъолона таҳким бахшидан ба муносибатҳои ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.
Мусоҳибон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва равобити кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.
Валид бин Абдураҳмон ба ҷои Бодӣ сафири Арабистони саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуд
Пештар хабар дода шуд, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мақоми сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро иваз кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ба суди тарафайни ҳамкориҳо таъкид шуда, Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири нави Арабистони Саудӣ дар Душанбе комёбӣ орзу намуд.
Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли равон анҷом ёфт.