ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда борони кутоҳмуддат меборад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 26+31 дараҷа, дар шарқи вилоят то +19 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво камабри тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +39 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +40 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Дар ноҳияиҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмддат борида раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо то +38 дараҷа тафсон мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +37 дараҷа гарм мешавад.