Мирзиёев: бо Толибон ҳанӯз ду сол қабл иртибот доштем

Ба қавли Мирзиёев, ба хотири амният ӯ ба ҳамагуна муколама омода аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои кишвараш бо гурӯҳи Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) гуфт.
Президенти Ӯзбекистон дар мулоқот бо рӯзноманигорон ва блогерони кишвараш дар вилояти Навоӣ изҳор дошт, ки бо аъзои толибон тамосҳо ҳанӯз ду сол қабл ба роҳ монда шуда буд ва кишвар онҳоро идома хоҳад дод.
Ба қавли вай, ин гурӯҳ ваъда додааст, ки як тир ба ҷониби Ӯзбекистон холӣ намешавад.
Ӯзбекистон мавқеашро нисбат ба Толибон* равшан кард
"Ҷаноби Бародар (Бародар Охунд - фармондеҳи саҳроӣ ва раҳбари ҷиноҳи сиёсии Толибон) ваъда дод, ки ба ҷониби Ӯзбекистон як тир холӣ намешавад. Бо далели он ки ӯ дар гапаш меистад, мо албатта бо онҳо гуфтушунид хоҳем кард", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ба қавли Мирзиёев, ба хотири амният ӯ ба ҳамагуна муколама омода аст. Президент қайд кард, ки Ӯзбекистон музокирот бо Толибонро ду сол пеш оғоз кардааст.

"Вақте ки ягон кишвар бо онҳо тамос надошт, ман дастур дода будам, ки робита барқарор шавад", - гуфт Мирзиёев.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел вазъияти Афғонистонро баррасӣ кард ва бори дигар таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна " ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо таъсис дода мешавад, эътироф намекунад".
Ӯ аз ваъдахилофии Толибон низ ёдрас шуд.

"Мутаассифона, Толибон*, сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии гузариш бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, гурӯҳи терористии Толибон 15 август баъди гирифтани даҳҳо вилояти Афғонистон вориди Кобул шуданд ва ҳукуматро ғасб карданд. Президенти ҳамакнун собиқи кишвар Ашраф Ғанӣ худи ҳамон рӯз аз кишвар фирор кард.
Таассуфи Раҳмон аз ваъдахилофии Толибон* ва сӯҳбаташ бо президенти Иттиҳоди Аврупо
Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер, як вилояти тоҷикнишин, ки аз Толибон орист, алайҳи онҳо ҷабҳаи муқовимат ташкил кард. Ин ҷабҳа борҳо изҳор дошт, ки омодаи гуфтушуниди сублҳомез аст, аммо "агар манофеи кишвар нақз шавад, даст ба ҷанг мезанад".