Ду инфиҷор ва даҳҳо куштаву захмӣ: аксҳои мудҳиш аз ҳаводиси ахири Кобул

Сарфи назар аз он, ки даҳҳо манбаъ аз инфиҷор пешгӯӣ мекарданд, фоҷеаро натавонистанд пешгирӣ кунанд
Sputnik
1 / 8

Дар фурудгоҳи Кобул якбора ду инфиҷори бузург рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. Байнашон сокинони осоишта, низомиёни Амрико ва толибон низ буданд

2 / 8

Таркиши аввал дар дарвозаи Эбби, яке аз даромадгоҳҳои асосии майдончаҳои фурудгоҳ ва дуввумӣ дар дохили ё наздикии меҳмонхонаи Барон садо дод.

3 / 8

Созмони террористии "Давлати исломӣ", ки дар Русия мамнӯъ аст, фавран масъулияти ҳамлаи террористиро, ки даҳҳо нафарро кушт, ба ӯҳда гирифт.

4 / 8

Афзун бар ин дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр боз дастикам се таркиши дигар шунида шуд

5 / 8

Садҳо сокини ғайринизомӣ бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои Кобул интиқол ёфтанд.

6 / 8

Толибон ҳамчунин хабар доданд, ки дар ин ҳамлаҳо дастикам 28 узви ин гурӯҳ кушта шудаанд. Онҳо ин ҳамларо шадидан маҳкум карданд ва ваъда доданд, ки гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

7 / 8

Ҳамлаи террористӣ дар Афғонистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум кард, аз ҷумла, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бояд ин ҳодисаро бо намояндагони доимии ин кишварҳо - аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ баррасӣ кунад.

8 / 8

Ҳамзамон, хатари ҳамлаҳои нави террористӣ дар Кобул боқӣ мемонад. Сардори Фармондеҳии марказии ИМА генерал Франк Маккензи гуфт, ки ҳамлаҳои нав ба фурудгоҳ дар пойтахти Афғонистон истисно нестанд.