Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел меравад

Президенти Тоҷикистонро Шарл Мишел, роҳбари Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Брюссел, пойтахти Белгия, ки дар он қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо низ ҷойгир аст, сафари корӣ анҷом медиҳад.
Ин иттилоъро аз дафтари матбуоти раисҷумҳур ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
"Бале. Он ҷониб даъват карданд. Тоҷикистон қабул кард", - посух дод манбаъ ба суол дар бораи сафари президент ба Аврупо.
Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр ба пойтахти Белгия парвоз кунад.
Ёдрас мешавем, дирӯз, 26 август, кишвардори Тоҷикстон бо роҳбари Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар он Мишел Эмомалӣ Раҳмонро ба мулоқоти чашм ба чашм даъват кард.
Роҳбари Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар Твиттераш хабар дод, ки моҳи октябр интизори президенти Тоҷикистон мешавад.