Вазорати тандурустии Афғонистон теъдоди қурбониёни инфиҷорҳоро эълон кард

Дар паи таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул беш аз 1338 нафар маҷрӯҳ шуду, 60 нафар ҷон бохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бар асари таркишҳо дар Кобул беш аз 1,3 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар Вазорати тандурустии Афғонистон.
"Теъдоди захмиёни ҳамлаҳои террористӣ 1338 нафар буда, 60 нафар қурбонӣ шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Дирӯз дар Кобул силсила таркишҳо ба амал омад. Таркиши аввал дар назди даромадгоҳи шимолии фурудгоҳ аз ҷониби як маргталаб анҷом дода шудааст, дуввумӣ бо мошини пур аз маводи тарканда рух дод.
28 узви Толибону* 13 сарбози ИМА ва даҳҳо афғон кушта шуд: ҷабрдидаҳо беш аз 1300 нафар
Масъулияти ин ҳама бедодгариро гурӯҳи террористии ДОИШ, ки фаъолияташ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст, бар дӯш гирифт.
Ҷангҷӯён гуфтанд, ки ҳадафи инфиҷори интиҳорӣ "тарҷумонҳо ва кормандони артиши Амрико" - афғонҳое буданд, ки дар барои Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд.
Инфиҷори дуюм дар фурудгоҳи Кобул
Ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ мекӯшанд шаҳрвандони худ, кормандони сафоратро аз Афғонистон то 30 август, як рӯз пеш аз мӯҳлати пешбинишуда, берун кунанд.