ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ба суди тарафайни ҳамкориҳо таъкид шуда, Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири нави Арабистони Саудӣ дар Душанбе комёбӣ орзу намуд.
Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мақоми сафирӣ Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро иваз кард, ки рисолати дипломатияш дар Душанбе соли равон анҷом ёфт.
Маъмурияти дипломатии Ал-Бодӣ, ки эътимодномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2016 супорида шуда буд.
Қаблан масъулини ду кишвар таъкид карда буданд, ки тайи солҳои охир муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногун таҳким ёфтанд. Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шуда бошад ҳам Бунёди саудии рушд аз аввали солҳои 2000-ум дар маблағгузории лоиҳаҳои гуногун саҳмгузор мебошад.