ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода хабари лату кӯб шуданаш аз тарафи ҷиянҳои президенти Тоҷикистонро бепоя хонд.
Дар ин бора вазир дар мусоҳиба бо рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" сухан гуфт.
Вазир гуфт, ин хабари лату кӯб шуданаш барои ӯ ғайриинтизор буд ва онҳо асоси воқеӣ надоранд.
"Аз овозаҳо, ки шахсан барои ман ғайриинтизор буданд, албатта, хабар ёфтам. Чи ҳам мегуфтам, дар ҳоле ки онҳо асоси воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин лоиқи вокуниш ҳам нестанд. Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам", - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон лату кӯб шуд.
Хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар Иди Қурбон 20 июли соли 2021 даргузашт. Ӯ 64 сол дошт ва сабабҳои марги хоҳари президент, тибқи гузоришҳои тасдиқношуда коронавирус гуфта мешуд.
Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26 июл ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард.
Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, пизишконро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.
Аммо Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат ин иддаоро бепоя хонда, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуллозода дар Маскав қарор дорад.
Зимнан, рӯзи 3 август Вазорати тандурустӣ акси Ҷамолиддин Абдуллозодаро аз қабули арзи шаҳрвандон дар сомонааш ҷо дод.