Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тавсияи пизишк: пас аз COVID - 19 муоинаи гурда ҳатмист

Ин пизишк ҳам барои онҳое, ки маризиро ба сахтӣ пушти сар карданд ва ҳам онҳое, ки онро бо сабукӣ гузаронданд, чунин тавсия ироа намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Сирояти коронавирус метавонад ба кори гурда таъсир расонад, изҳор доштааст пизишки маризиҳои гурда Анна Коробкина ва роҳҳои пешгирӣ аз мушкилиро низ пешниҳод намудааст.
Ба изҳори ӯ, коронавируси SARS-CoV-2 ба ҳамаи узвҳое, ки дар онҳо ферментҳои AПФ2 мавҷуданд, ҳамла мекунад ва онро вирус ҳамчун ретсептор барои ворид шудан ба ҳуҷайраҳо истифода мебарад.
"Ин ретсепторҳо дар дил, дар рӯдаи ғафсу масона пайдо мешаванд. Дар гурдаҳо ду маротиба зиёдтар ҳастанд, аз ин рӯ, гурдаҳо ба хатари ҳуҷуми вирусӣ бештар дучор мешаванд", - тавзеҳ дод Коробкина дар мусоҳиба ба радиои Sputnik.
Вай гуфт, осеби шадиди гурда яке аз омилҳои фавт аз COVID-19 аст, хусусан дар ҳолатҳои вазнин.
Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки беморон шояд ҳатто намедонанд, ки онҳо бемории гурда доранд, зеро онҳо қаблан ҳеҷ чизро пайхас накардаанд ва коронавирус метавонад равандҳоеро, ки қаблан оҳиста инкишоф ёфта буданд, шадидтар кунад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шуд, ки доруҳои арзону дастрас бар зидди коронавирус самаранок будаанд
Анна Коробкина ба нафароне, ки бемори коронавирус шуда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд, тавсия додааст, ки ҳатман пешобро барои санҷиши сафеда, озмоиши биохимиявии хун барои сатҳи креатининро супоранд.
Ин як ташхиси асосӣ барои санҷидани он аст, ки гурдаҳо чӣ қадар хуб кор мекунанд.
Баъдан, барои пешгирии таъсири коронавирус ба бофтаи гурда, бояд параметрҳои лахташавии хун ва пешгирии тромбоз назорат карда шаванд, зеро лахтаҳои хун дар зарфҳои гурда низ ташаккул меёбанд.