ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. ВКД навори бозпурсии сокини 45 - солаи деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросонро нашр намудааст. Ин мард дар содир намудани ҷинояти махсусан вазнин: таҷовузи духтарчаи ноболиғ ва қатли бераҳмонаи ӯ гумонбар донист мешавад.
Ба нақли гумонбаршаванда, рӯзи 16 август ӯ дар ҳолати сархушӣ духтарчаи ноболиғ, ки машғули бозӣ дар назди ҳавлии истиқоматияш буд, дида, ӯро фиреб дод, ки дар телефони дастияш ба ӯ филм нишон медиҳад ва бо ҳамин роҳ кӯдакро вориди манзили истиқоматии худ намуда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Манбаъ меафзояд, чун кӯдак таҳдид намудааст, ки рафта ба модараш хабар мерасонад, гумонбаршаванда аз пайи рӯйпуш намудани амали даҳшатбори худ мешавад.
"Ӯ гуфт очаам ба гап мезанам ва дар дилам ҳисси куштани ӯ пайдо шуд", - афзудааст марди гумонбар.
Зимнан, ӯ кӯдакро дар саҳни ҳавлии худ бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонда, ҷисми беҷони ӯро чанд муддат дар ҳавлияш миёни буттаҳо пинҳон кард ва аснои беодам шудани кӯча, ҷасадро ба ҷӯйбори обгузар партофтааст.
ВКД мегӯяд, ин мард чанд сол пеш барои содир намудани ҷинояти одамкушӣ тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Ҳамакнун нисбати номбурда барои таҷовуз ва қатли кӯдак, тибқи моддаи 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 июл Руфейда Иноятоваи 8 - сола низ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби марди 30 - сола нахуст таҷовуз ва сипас ба таври ваҳшоният ба қатл расонда шуд.
Нисбати сокини 30 - солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Бояд гуфт, ки ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунад.