ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати телефонӣ бо президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел аз итминонҳои чандинбораи Толибон* гуфт, ки дар анҷом аз он даст кашиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, сӯҳбати президентҳо шоми панҷшанбе, 26 август анҷом дода шуда, мавзӯъҳои асоии он вазъи Афғонистон, кӯмак ба кишвар ва сарҳад будааст.
"Мутаассифона, Толибон*, сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии гузариш бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд", - изҳор доштааст раисҷумҳур.
Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад,
Ӯ бори дигар зикр намудааст, ки ҷумҳурӣ ҳеҷ гуна " ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо таъсис дода мешавад, эътироф намекунад".
Дар анҷом Шарл Мишел кишвардори Тоҷикистон ба Брюселл даъват кардааст.
*- гурӯҳи эктремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия