Шумораи тоҷикистониёне, ки аз Афғонистон тахлия шуданд, маълум гардид

Вид на город Кабул в Афганистане
30 шаҳрванди Тоҷикистон дар Кобул ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат карда, барои берун баромадан аз Афғонистон имдод хостаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Шумораи тоҷикистониёне, ки аз Афғонистон тахлия шуданд, маълум гардид, хабар медиҳад РИА Новости дар ситинод ба манбааш аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, тариқи парвози махсуси Вазорати дифои Русия 22 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ баргаштанд.
Споттинг в аэропорту Внуково
Ҳавопаймои Русия гуруҳи тоҷикистониёнро аз Афғонистон берун овард
"То 25 август ба сафорати мо дар Кобул муроҷиат кардаанд ва аз онҳо 22 нафарашон ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд. Дигарон омода шудани ҳуҷҷатҳояшонро интизор мешаванд", - таъкид кардааст манбаъ.
Вай таъкид намудааст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Кобул бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад ва бо шаҳрвандони кишвар дар иртибот буда, омодаи расонидани зҳамагуна кӯмак ба онҳост.