Politico: маргталаби ДОИШ* худро дар фурудгоҳи Кобул тарконид

Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Politico бо истинод ба маъмурияти ИМА хабар медиҳад, ки таркиш дар фурудгоҳи Кобулро созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ ё ДИ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст)* ташкил кардааст.
Ба навиштаи рӯзнома, амали террористии ду маротиба аз ҷониби як маргталаб анҷом дода шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса тақрибан 13 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 нафар шаҳрвандон бо дараҷаҳои гуногун маҷрӯҳ шуданд.
То имрӯз ДОИШ* бавосита масъулияти худро барои ҳамлаи дуҷонибаи террористӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул эълон кардааст.
-* ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия