ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр аз Фаронса боздид мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Қасри Елисей.
Ҳамин тариқ, қайд карда мешавад, ки сафари раҳбари Тоҷикистон бо даъвати президенти Фаронса Эммануэл Макрон 13 октябр сурат мегирад.
"Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват кард. Ӯро 13 октябр қабул мекунад", - омадааст дар хабари дафтари матбуоти кишвардори Фаронса.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш кишвардорон телефонӣ суҳбат карданд.
Мавзӯи асосии гуфтугӯи Раҳмон ва Макрон шиддат ёфтани вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ буд.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 бо сафари расмӣ аз Фаронса боздид карда буд.