Дар Хоразм арӯсе барои вайрон шудани тӯяш худро ғарқ кард

Феълан корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар соҳили чапи канали "Тошсок" идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар Хоразм фоҷиа рух дод: духтари 20-сола аз сабаби барпо нашудани хонадоршавиаш худкушӣ кард.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақавӣ, духтар аллакай хостгорӣ шудааст, аммо бинобар ихтилоф бо хешовандони ҳамсари оянда, хонадоршавӣ бекор карда шудааст.
Пас аз ғарқшавиии 4 хонанда дар Сирдарё, директори мактаби Истаравшан "бедарак" шудааст
Духтари ҷавон ин ҳодисаро паси сар карда натавонист ва худро ба канале, ки аз ҳудуди шаҳри Питнак мегузарад, партофт.
Ҷасади ӯ ҳанӯз пайдо нашудааст. Амалиёти ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Пайдо шудани ҷасади як марди ношинос аз канали Ҳисор
Барои пайдо кардани духтар, "ҳамаи ниҳодҳои марбута ҷалб шудаанд, ки аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода мебаранд", - афзуд манбаъ.