Медали тиллои Академияи Русия ба мудири Донишгоҳи Хуҷанд тақдим шуд

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, барандаи озмуни "Академия бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдор" - и Федератсияи Русия гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Озмуни "Барои кори навоварона дар соҳаи маориф" (“За инновации в области образования”) чанд сол ба ин тараф аз ҷониби "Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдор" - и Федератсияи Русия миёни донишгоҳу донишкадаҳои олиии кишварҳои муштаракулманофеъ доир карда мешавад.
Соли ҷорӣ аъзои ҳакамон аз ҷамъи иштирокчиён, Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишгоҳи техникии Хуҷандро барандаи мутлақи озмун донистаанд.
Абдусабури Абдуваҳоб, котиби матбуотии Донишгоҳи техникии Хуҷанд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷоизаи озмун, ки аз медали тилло ва диплом иборат аст, зуҳри имрӯз дар ҷараёни баргузории як конфронси илмӣ – оммавӣ дар Хуҷанд аз сӯи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Саидӣ супорида шуд.
"Шарти баргузории озмун аз ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии муосир дар раванди таълим маҳсуб мешавад. Дилафрӯз Саидӣ бо пешниҳоди беш аз 30 шаҳодатномаи илмии Донишгоҳ аз ҷамъи иштирокчиён ғолиби озмун муаррифӣ шудаанд", - гуфт Абдуваҳоб.
Гуфта мешавад ин нахустин бор аст, ки ҷоизаи чунин озмуни байналмилалии илмӣ ба роҳбари Донишгоҳи олии Тоҷикистон тақдим карда мешавад.
Дилафрӯз Саидӣ Рабизода, моҳи марти соли 2015 директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъйин гардид. Ӯ хоҳарзодаи Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар гуфта мешавад.
Нахустин зан - генерал: Президент ба Барно Саидвализода рутбаи генералӣ дод
Саидӣ, рисолаи номзадиашро аз рӯи илмҳои техникӣ дар Русия ҳимоя кардааст.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, яке муассисаҳои олӣ аст, ки раванди таълимро тибқи системаи иттилоотӣ ба роҳ мондааст. Ба фарқ аз дигар муассисаҳои олии кишвар дар он китобхона тибқи низоми электронӣ ҷорӣ карда шудааст.