ДУШАНБЕ, 26 авг - Sputnik. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли равон 4,3 дарсадро ташкил додааст.
Дар як моҳ таваррум дар Тоҷикистон 0,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ пешгӯӣ кардааст, ки сатҳи таваррум то охири соли 2021 то сатҳи 6,9 дарсад боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки тибқи пешгӯиҳои БОР, таваррум дар Тоҷикистон ба то охири сол 7,4 дарсад мерасад.
Сабаби асосии таваррум дар кишвар бештар ба болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ рабт доштааст.
Хабар дода мешавад, ки дар ҷумҳурӣ нархи картошка, сабзӣ, сабзавот, шакар, равған, гӯшт, мева, шир ва маҳсулоти ширӣ, инчунин бензин, гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ба тари назаррас боло рафтааст.